Вохӯриҳо дар мактабҳои олии вилояти Суғд

0
1483

Дар муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд баргузории силсилаи вохӯриҳои намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯҳои пешгирӣ ва муқобилат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва зуҳуроти нашъамандӣ идома дорад.


Ин қабил вохӯриҳо дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби васеи ҳайати устодон ва донишҷӯёни бахшҳои мухталиф доир карда шуданд. Зимни вохӯриҳо оид ба масоили доғи рӯз чун муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ифротгароии динӣ, аъмоли террористӣ суханронӣ шуда, бинобар ноогоҳиву маърифати казоӣ надоштан ва нодурандешӣ ба чунин кирдорҳои ҷинояткорона даст задани ашхоси синну соли гуногун, махсусан ҷавонону наврасон таъкид шуд.

Ҳамчунин ба яке аз зуҳуроти ба ҷомеа харобиовар, яъне нашъамандӣ, ки боиси сироят ба амрози ҳалокатовар мегардад ва иморати генофонди миллатро ноустувор месозад, дахл карда шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ба ваъдаву фиреби гурӯҳҳои ғаразкору манфиатҷӯ гумроҳ нашуда, ҳаёти осоиштаи худро ҳифз намоянд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Раёсати Агентӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ санаи 22 майи соли ҷорӣ сурат мегирад, шарҳ дода, ин амрро тақозои замон ва бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ба марҳалаи тозаи рушди демократия ворид шудани кишварамон маънидод намуданд.

Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб ва пешниҳодот баҳри беҳбудии кор хотима ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД