Вохӯриҳо дар мактабҳои олии Хуҷанд

0
1130

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ба дарк расонидани оқибатҳои зиёнбори зуҳуроти манфур ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда бемайлон гузаронида мешаванд. Дар робита ба ин, дар ҳузури ҳайати устодон ва донишҷӯёни факултаҳои Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ ба масоили доғи рӯз дахл карда шуда, тазаккур дода шуд, ки вобаста ба хатарҳои ҷаҳонии терроризму эктремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳар яки моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо эҳсоси баланди ватандӯстиву арҷгузорӣ ба оину суннатҳои миллӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ ва пойдории фазои сулҳу осоиштагӣ дар кишвар суботкорона кору иқдом намоем.

Таъкид шуд, ки бояд ҷавонон чун рукни ояндасоз ва пешбари ҷомеа дар рушди ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат саҳми фаъол дошта бошанд ва бо далели суханронии Роҳбари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23-май бо шаҳомати хоса ба таҷлил мерасад, зикр шуд, ки аз ҷониби давлату ҳукумат бобати ба ҷавонони мамлакат муҳайё сохтани шароитҳои муносиби кору таҳсил тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, ба мансабҳои баланд роҳбарикунандаи давлатӣ пешбарӣ кардани ҷавонони бомаърифату хушсалиқа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҷавонони мамлакатро ташкил медиҳад.

Вохӯриҳо дар фазои эътимоднокӣ ба фардои дурахшони кишвар ҷараён гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД