Вохӯриҳо дар Ҳисор

0
1392

26 апрели соли 2016 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони бахшҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш. Ҳисор дар байни шӯроҳои деҳотҳои “Муъминобод”-и ҷамоати “Деҳқонобод” ва “Мирзо Ризо”-и ҷамоати “Туда” вохӯриҳо баргузор намуданд.


Вохӯриҳои мазкур дар доираи нақшаи муштараки АНМН ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш. Ҳисор баргузор мегарданд.

Ба иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва Ҳисор, инчунин ҳамкории сокинони маҳаллӣ бо мақомоти иҷроияи давлатӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои нашъамандию нашъаҷалобӣ дар байни аҳолии ҷамоатҳои Ҳисср маълумот пешниҳод гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД