Вохуриҳо дар шаҳри Душанбе

0
1326

20022017-2Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тибқи нақшаҳои муштараки ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ кардани нашъамандӣ, дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар, моҳи феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, прокуратура ва суди ноҳияи мазкур дар байни волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии № 30, 40, 45, 49, 51 ва 75, инчунин дар маҳаллаи шаҳраки 63-и ноҳияи мазкур дар мавзӯҳои зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористӣ-экстремистӣ баргузор гардид.
Чунин вохӯриҳо дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар байни толибилмони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии №19, 32, 37, 50, ва 60-и ноҳияи мазкур баргузор гардидаанд.
Ҳамзамон дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯён дар мавзӯъҳои “Нашъамандӣ ва зарари он ба ҷомеъа”, “Пешгирии ҷиноят ва ҷинояткорӣ доир ба харид ва фурӯши маводҳои нашъаовар” вохӯрӣ бо намоиши слайдҳо ва филмҳо баргузор гардид.20022017-1

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД