Вохӯриҳо дар вилояти Суғд

0
1531

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров дар байни муҳассилини муассисаҳои таълимии умумӣ ва касбӣ ва сокинони ҷамоатҳои ноҳияи мазкур силсилаи чорабиниҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ доир карда шуда истодаанд. Аз ҷумла, чунин вохӯриҳо бо донишомӯзони муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ, сокинон ва фаъолони ҷамоати Исмоили ноҳияи Б. Ғафуров бо мақсади ба сомеон расонидани оқибатҳои ногувори муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ доир карда шуданд.
Масъулин ёдовар шуданд, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз минтақаҳое маҳсуб мешавад, ки дар он вазъи нашаъамандӣ ташвишовар буда, тамоили афзоишро дорад. Айни замон дар қайди бахши наркологии ноҳия 79 нафар чун беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳо, яъне 52 нафарро шахсони бекор ва 28 нафарро нашъамандони тазриқӣ ташкил медиҳанд.
Вохӯриҳо дар як рӯҳияи баланд ва мубодилаи суолу ҷавоб байни масъулин ва иштирокчиён хотима ёфтанд.28022017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД