Вохӯриҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

0
1392

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари паҳншавии нашъамандӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз тарафи бархе аз ҷавонон дар байни донишҷӯён ва устодони Донишкадаи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон таи чор рӯз силсила вохӯриҳоро баргузор намуд. Дар вохӯрии мазкур кормандони Агентӣ, Вазорати корҳои Дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳӣ иштирок намуда оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст сӯҳбат намуданд.

Кормандони Агентӣ дар суханронии худ қайд намуданд, ки “сарчашмаи молиявии” аксарияти нооромиҳое, ки дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рӯх дода истодаанд аз фурӯши маводи мухаддир маншаъ мегирад.

Ва қисми зиёди кушторҳои бераҳмона ва ҷиноятҳои мухталиф, ки аз тарафи гурӯҳҳои тундрав содир карда мешаванд дар ҳолатҳои истеъмоли маводи нашъаовар мебошад.

Дар вохӯрии мазкур дигар иштирокчиён низ баромад намудад бо арҷгузорӣ аз давлати орому осуда намуда ҷавононро баҳри интихоби зиндагии солим, ҳаёти осоишта, машғул шудан ба варзиш, корҳои илмӣ, навоварӣ дар бунёди ҷомеаи солим тарғиб намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ саволу ҷавоб байни донишҷӯён ва иштирокчиён баргузор гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД