Вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии пойтахт

0
1720

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсии пойтахт нақшаи силсилавохӯриҳоро дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии пойтахт таҳия намуда, таи ҳафтаи равон чунин вохӯриҳоро бо хонандагон ва донишҷӯёни як қатор мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ноҳияҳои номбурда баргузор намуданд.
Мутахассисони Агентӣ ба ҳозирин оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа, пешгирии содир намудани ҷиноят, қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ, намудҳои маводҳои нашъаовар, таъсири онҳо ба системаи марказии асаб маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баромадкунандагон дар бораи зарари истеъмоли маводи мухаддир ба инсон, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯйистеъмоли маводҳои нашъадор маълумот доданд. Дар чорабинии мазкур асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасон, хусусан сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ даст задани баъзе ҷавонон баррасӣ гардид.
Донишҷӯён ба баромадҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба мутахассисони Агентӣ оид ба масъалаҳои ҷавобгарӣ барои истеъмоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, усулҳои муолиҷаи шахсоне, ки аз маводи нашъадор сӯистифода менамоянд, саволҳо доданд.
Дар охири вохӯрӣ ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Баргузории силсилаи вохӯриҳо идома доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД