ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ПОЙТАХТ

0
885

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таи ҳафтаи гузашта дар байни устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Муттахассисон оид ба Нуқтаҳои муҳимтарин аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017, эълони Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018–2028, инчунин доир ба масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар ва таъсири физиологии он, оқибати ҳуқуқии ҷиноятҳои нашъаҷаллобӣ, омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва дигар омилҳои номатлуб суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид бо донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар ба хотири бедор намудани ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, дар ниҳоди онҳо пайваста ба роҳ монда мешавад.

Дар фарҷоми чорабиниҳо, вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида байни мутахассисон ва иштирокчиён музокираҳо сурат гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД