Вохӯрӣ бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагона идома доранд

0
1245

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонаи №42 ноҳияи Фирдавсӣ ва №62 ноҳияи И. Сомонӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо оиди масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, майзадагӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМО/АНМБ ва маводҳои синтетикӣ, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯистеъмоли маводҳои нашъадор вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони прокуратура, суд, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати ҶТ ноҳияҳои мазкур ва Маркази саломатии №10 иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасон нақл намуданд. Қайд гардид, ки дар баробари мактабҳо волидайн низ барои дар роҳи дуруст тарбия намудани кӯдакони худ бояд масъулият дошта бошанд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД