ҲАРЧИ МАСТКУНАНДА АСТ, ОН ХАМР АСТ ВА ҲАРЧИ ХАМР АСТ ҲАРОМ АСТ….

0
745

Чунин як сӯҳбати ҷолиб дар арафаи иди Саиди Фитр аз нигоҳи таълимоти Ислом алайҳи нашъамандӣ таи ҳафтаи равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони кумита ва кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

“Нашъа ва нашъамандӣ, муомилоти ғайриқонунии он бадбахтии тамоми башарият буда,  мубориза бо ин вабои аср вазифаи тамоми ҷомеа ва давлатҳои ҷаҳон мебошад”        иброз намуд Мирзозода Азизулло Файз муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ, қабл аз ҳама тавасути кормандони кумитаи мазкур ба мардуми Тоҷикистон, ки аксар мӯътақидони дини мубини Ислом ба ҳисоб мераванд, расонидани маълумотҳои зарурӣ аз нуқтаи назари таълимоти динӣ буд.

Оид ба мухаддирот, ҳукм ва истеъмол дар ҳадисе, ки онро Муслим дар “Саҳеҳ”-и  худ аз Расули Акрам саллалоҳу алайҳи васаллам овардааст, чунин омада:

“Ҳарчи масткунанда аст, он хамр аст ва ҳарчи хамр аст ҳаром аст” иброз гардид дар вохӯрии мазкур. “ҳарчи мастӣ орад ҳаром аст агарчи нӯшиданӣ ҳам набошад ба мисли ҳашиш”.

Ҷои шак ва шубҳае нест, ки ба ҳеҷ ваҷҳ шариати исломӣ ҳеҷ як аз анвои мухаддиротро иҷозат намедиҳад, зеро мафосид ва зарарҳое, ки аз истеъмол ва гардиши мухаддирот аз қабили ҳашиш, банг, афюн ва ҳабҳои маснӯии нашъадор ба ҷомеа мерасад, ба маротиб бештар мебошад.

Зарарҳои моддӣ, тандурустӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ, ки мухаддирот ба афрод ба ҷомеа меорад, яке аз асосҳое мебошанд, ки шариати исломӣ мухаддиротро ҳаром гардонидааст, бо чунин суханҳои пурмазмун ва ибратомӯз ба вохӯрии мазкур ҳусни анҷом бахшида шуд.

Вохӯрӣ хеле хотирмон баргузор гашта байни иштирокчиён ва мутахасисони соҳа оид ба оқибати фоҷиабори истеъмоли маводи мухаддир, гардишу қочоқ ва ҷиноятҳои марбут ба он баҳсҳо сурат гирифт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД