Хулосаи мутахассисони Агентӣ оид ба афзудани нақши хатсайри Шимол – Баҳри Сиёҳ дар қочоқи афюни афғонӣ ба Аврупо тасдиқ шуда истодааст

0
1554

Аз тарафи мутахассисони Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2008 дар асоси маводи омода ва нашрнамудаи Раёсати СММ ва натиҷаҳои таҳлили маводи нашъаовари мусодирашуда хулосаашонро дар бораи мавҷудияти масири нави қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба воситаи қисми шимолии Эрон ва кишварҳои Қафқоз ба давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва Россия пешниҳод намуд. Ин роҳи нави қочоқи маводи нашъаовар шартан “Масири Шимол – Баҳри Сиёҳ” номида шуд.

Ин натиҷабарорӣ пеш аз ҳама ба он асос меёфт, ки ҳаҷми мусодираи гурӯҳи афюнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар “Масири Шимол” ҷойгиранд, коҳиш ёфта буд, истеҳсоли гурӯҳи афюнӣ дар минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистон, ки бо Эрон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад, ривоҷ ёфт. Ҳамчунин, натиҷаи таҳлили роҳҳои дигари эҳтимолии интиқоли маводи нашъаовар ба қисмати Аврупоии Федератсияи Россия ва Аврупои Шарқӣ ба назар гирифта шуд.

Интишори навбатии хабари фаврӣ дар тамоми расонаҳои иттилоотии ҷаҳон оид ба мусодираи героин, ки дар Афғонистон истеҳсол шуда буд, бори дигар тасдиқи вуҷуд доштани хатсайри Шимол-Баҳри Сиёҳ гашт.

Дар Олмон кормандони полис аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори калони героин бо вазни 330 килоро мусодира намуданд. Нархи умумии маводи мусодирагардида 50 миллион евроро ташкил дод.

«Кормандони полиси криминалии шаҳри Эссени Олмон шабакаи мутташакили байналмилалиро, ки ба хариду фуруши маводи нашъаовар даст доштанд, безарар намуданд. Дар натиҷаи ин амалиёт миқдори калони героин мусодира гардид, ки ин шумора дар таърихи Олмон зиёдтарин миқдори мусодирагардидаи маводи нашъаовар ба ҳисоб меравад.

— Тафтишоти мо шабакаи мутташакили байналмилариро ошкор намуд, ки аз ҳисоби хариду фурӯши маводи мухаддир фоидаи калон ба даст меоварданд. Агар соли 2013 аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамагӣ 270 килограмм героин мусодира гардида бошад, пас ин амалиёти гузаронидаи мо, ки имконият дод дар як дафъа 330 кг героинро мусодира намоем, муваффақияти беандозаи мо мебошад, — изҳор намуд роҳбари полиси криминалии шаҳри Эссен Йорг Сирке. — Ин нишон медиҳад, ки мақсади асосии онҳо ин интиқол додани маводи мухаддир ба мамлакати мо мебошад.

Амалиёти мазкур 22 сентябри соли ҷорӣ дар наздикии шаҳри Эссен дар заминҳои федералии Рейни Шимолӣ — Вестфалия баргузор гардид. Нашъаҷаллобон ин миқдор героинро дар даруни мошини боркаш, ки 23 тонна бодиринг ва сиркои консервшуда, ки аз Эрон ворид мегашт, пинҳон намуданд.

Чӣ тавре, ки маълум гашт, дар рафти тафтишот интиқоли ин маводи марговарро гурӯҳҳои Сирия- Ироқ ташкил намуда буданд».

Ин дуввумин ҳодисаи мусодираи героин дар миқдори махсусан калон дар Олмон ба ҳисоб меравад.

29 январи соли 2014 кормандони гумруки Олмон дар аэропорти Лейпсиг 9 қолинҳои аз Эрон воридгардида, ки дар даруни нахи онҳо 45 кг героин бофта шуда буд, ёфт ва мусодира намуданд. Таҳлил нишон дод, ки геоини мусодирагардида сифати аъло мебошад.

Миқдори героини мусодирагардида дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар Олмон 375 кг-ро ташкил дод, ки ин нишондод назар ба соли гузашта, яъне 2013 сол ба 38, 9% афзуд ва назар ба соли 2012 бошад, 55% зиёд гашт.

Ин таҳлили оддии миқдори калони мусодирагардида дар Олмон, ки аз ҳудуди Эрон ба ин давлат ворид мегардад, нишондоди афзоиши нақши масири Балкан ва Шимол-Баҳри Сиёҳ дар интиқоли қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон мебошад.

Бо таҳлили пурраи нақши масири Шимол-Баҳри Сиёҳ шумо метавонед дар сомонаи мо ба суроғаи зерин шинос шавед:

http://akn.tj/некоторые-тенден…-в-транспортиров/

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД