Баромади Директори Агентӣ дар Иҷлосияи вежаи Маҷмааи Умумии СММ

0
1720

20 апрели соли 2016 дар Қaроргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи сиюмин Иҷлосияи вежаи Маҷмааи Умумии СММ доир ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир мизи мудаввари сатҳи баланд оид ба мубориза алайҳи ҷинояткориҳои вобаста ба маводи мухаддир ва қонунӣ гардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада доир гардид.


Дар кори ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерхон Салимзода ширкат варзида, зимни мубоҳисаҳои интерактивӣ суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Директори Агентӣ оид ба иқдомҳо ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи нашъаовар, аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020”, фаъолияти судманди Агентӣ дар ин соҳа, ҳамкориҳо бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва ғ. маълумот дода, қайд намуд, ки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ин росто, Директори Агентӣ таъкид намуд, ки таҳким ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим мебошад.

Инчунин, 20 апрели 2016 мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерхон Салимзода бо Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷаноби Уилям Браунфилд бо дархости он ҷониб барпо гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла барномаи “Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон – Фазаи II” ва тамдиди лоиҳаи мазкур то соли 2019, таҳкими ҳамкории ниҳодҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистону Афғонистон ва татбиқи барномаҳои марбутаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД