НУҚТАИ ФУРӮШИ ЧАКАНАИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ШАҲРИ БОХТАР ОШКОР ВА ҚАТЪ КАРДА ШУД

0
853

Коркарди маълумоти оперативӣ ва доир намудани амалиёти саривақтӣ имкон дод, ки таи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Шуъбаи оперативӣ ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар, шаҳрванд Давлатов Баҳриддин Раҳмонович, зодаи ноҳияи Восеъ, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз зери камарбанди дастгиршуда як адад порчаи қоғазин, ки дар он ду адад селофани полиэтилении шафоф печонида гирифта шуд. Дар дохили он селофанҳо маводи нашъаовари наъи афюн вазни холиси он 21 грамӣ мавҷуд буданд ёфта, мусодира карда шуд.

Баъдан кормандони Шуъбаи оперативӣ ҷустуҷӯии Раёсати мазкур хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтаи шаҳрванд Давлатов Баҳриддин Раҳмонович, воқеъ дар шаҳри Бохтар, кучаи Н.Ҳувайдуллоев, хонаи 33- ро, аз назаргузаронда бо истифода аз саги хизматӣ аз хонаи иҷорагирифтаи Давлатов Б. як адад пакети селофании рангаш сафед, ки дар дохилаш 11 (ёздаҳ) адад бастачаҳои селофании рангашон шафоф бо маводи нашъаовари навъи афюн, ёфта мусодира карда шуд.

1-

 Инчунин дар боғи наздиҳавлигии айни замон ба номбурда таалуқдошта аз зеризамини байни дарахтон дар чуқурии 20-30 см як адад пакети селофании рангаш сафед, як адад бастаи бо скотч печонидашуда ва як адад пакети рангаш сиёҳ пайдо карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки дар пакети рангаш сафед 182 адад бастачаҳои маводи нашъаовари афюн дар бастаи бо скотч печонидашуда ва дар пакети селофании рангаш сиёҳ низ айнан  чунин мавод ҷойгир буд.

Тахминан 50-60 метр дуртар аз пинҳонгоҳи мазкур дар чуқурии зери дарахтон боз як адад пакети селофании шафоф ёфт гардид, ки дар дохили он маводи кулӯхчамонанди рангаш сафед, яъне маводи сахтаъсири навъи героин дошта дарёфт ва мусодира карда шуд.

2-

Ҳамин тариқ мутобиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судӣ маводҳои аз Давлатов Баҳриддин мусодира карда шуда дар маҷмӯъ 4 (чор) килограму 64 грамро ташкил дод.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки Давлатов Баҳриддин баҳри амалӣ намудани ғаразҳои нопоку ҷинояткоронаи худ, маҳз аз ҳудуди шаҳри Бохтар хонаи истиқоматиро ба иҷора гирифта, нашъаҷаллобиро дар ин минтақа касб намуда, маводи нашъадорро бо мақсади фурӯш дастрас ва аз он миқдори муайянро, барои истеъмол бастабандӣ намуда ба мизоҷони нашъамандаш пешкаш менамуд. Дастгиршуда кӯшиш ба харҷ медод, ки сафи мизоҷонашро аз ҳисоби донишҷӯён ва ҷавононе, ки аз дигар ноҳияҳо ба маркази шаҳри Бохтар барои идомаи таҳсил ё дарёфти кор ташриф меоранд зиёд намояд.

Чунин ашхоси нашъаҷаллобу авомфиреб бо паҳн намудани маводи нашъаовар дар ин минтақаҳо сабаб бар он гардидаанд, ки то ба имрӯз шумораи нашъамандон дар вилояти Хатлон ба 1279 нафар расидааст. Дар худи шаҳри Бохтар бошад ин рақам ба 197 нафар расидааст, ки ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ 183 нашъаманд рост меояд.

Дар натиҷаи баргузории чорабинии мазкур нуқтаи фуруши маводи мухаддир, ки метавонист боз чандин ҷавононро дар ин минтақаҳо гумроҳ намудаю ба вартаи ҳалокат аз нашъамандӣ барад, ошкор ва қатъ карда шуд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати гумонбаршуда Давлатов Баҳриддин Раҳмонович тафтишоти пешакӣ идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД