Дар Агентӣ муовинони нави Директор таъин гардиданд

0
1444

29 апрел дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлис баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назарзаода Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таъин намудани полковник Самадов Зафар Тағоевич ба вазифаи муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оиди таъин намудани полковники х.н.м.н. Ҳайдарзода Муртазо ба вазифаи муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.

Дар назди ҳайати шахсӣ баромад намуда, Директори Агентӣ изҳори боварӣ намуд, ки дар вазифаҳои нав муовинони Директор ҳамаи донишу малака, таҷрибаи кории худро баҳри ташкил намудани кори ҷузъу томҳои Агентӣ равона месозанд.

Полковник Самадов Зафар Тағоевич аз соли 1993 то 1996 дар коллеҷи ҳарбии ҶТ таҳсил намуд. Хизматро дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ оғоз намуд. Аз соли 2002 то 2004 шунавандаи Академияи умуиҳарбии Федератсияи Россия буд. Аз соли 2004 дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ хизмат намудааст. Солҳои 2009-2010 командири баталиони таъиноти махсуси ВКД буд. Солҳои 2011-2012 хизматро дар сафи Гвардияи миллии ҶТ давом дод. Аз моҳи апрели соли 2014 то ба вазифаи муовини якуми Директори Агентӣ таъин шудан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ хизмат намудааст.

Полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Ҳайдарзода Муртазо хизматро соли 1989 дар сафи ВКД РСС Тоҷикистон оғоз намуда буд. Аз соли 1991 то 1993 шунавандаи мактаби миёнаи махсуси милитсияи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия буд. Баъди омӯзиш хизматро дар сафи ВКД Қазоқистон давом дод. Аз соли 1995 дар сафи ВКД ҶТ хизмат намудааст. Аз соли 2000 то 2009 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хизмат кардааст. Аз соли 2009 то 2013 дар вазифаҳои гуногун дар ВКД ҶТ хизмат кард. Соли 2013-2014 дар Вазорати мудофиаи ҶТ хизмат намуд. Соли 2014 сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ таъин гардида буд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД