ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР АГЕНТӢ

0
1475

30 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносон оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовари Ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, оғоз гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Самад Зафар оғоз намуд.

Намояндагони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаҳоро оид ба ворид намудани тағйирот ба ҳайати гурӯҳи корӣ, ташаккули ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо муҳокима намуданд, инчунин нисбати лоиҳаи Консепсияи созмон додани Маркази зиддимухаддиротии Созмони Ҳамкории Шанхай, лоиҳаи Стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои СҲШ барои солҳои 2017-2022 ибрози ақида намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД