Дар Агентӣ курсҳои такмили ихтисоси кинологҳо оғоз гардиданд

0
1145

Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ курсҳои такмили ихтисоси кинологҳо оғоз гардиданд, ки якуним моҳ давом меёбанд.

Дар курси омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияи АНМН-и назди Президенти ҶТ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилаи ҶТ иштирок менамоянд.

Иштирокчиён дар курси мазкур назарияи омӯзиши сагҳо, қоидаҳои асосии нигоҳ доштан ва хӯрондани сагҳо, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми ром кардани сагҳои хизматӣ, омӯзонидани саги хизматӣ бо истифодаи лавозимоти махсус барои ромкунӣ, мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидан ба рефлекси саги хизматӣ ба дарёфти маводи нашъаовар ва машқҳои гуногунро меомӯзанд. Инчунин дарсҳои назариявӣ ва амалӣ дар самти дарёфти 5 намуди маводи нашъаовар бо истифода аз сагҳои хизматӣ гузаронида мешаванд.

Баъд аз хатми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супорида мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД