Дар Агентӣ тренинг оғоз гардид

0
1522

18 июли соли равон дар Шуъбаи махсусгардонидашудаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тренинг барои кормандони ҳамин Шуъба ба кори худ шурӯъ намуд. Ба сифати дастурдеҳон мутахассисони Маъмурияти мубориза алайҳи маводи мухаддири Штатҳои Муттаҳидаи Америка даъват шудаанд.


Бо сухани ифтитоҳӣ дар назди иштирокчиёни тренинг муовини Директори Агентӣ полковник М. Ҳайдарзода баромад намуд.

Дар рафти тренинг, ки ду ҳафта давом хоҳад ёфт, кормандони ҷавон дарсҳои назариявиро нисбати мусодираи молу мулке, ки аз қочоқи маводи мухаддир ба даст омадааст, ҷамъоварии далелҳо​, таҳлили хабари оперативӣ, мусоҳиба ва пурсиш, тарзи ташкил ва гузаронидани амалиётҳоро меомӯзанд.

Баргузории дарсҳои амалӣ оид ба тарзи истифодаи силоҳ, боздошти гумонбаршудагон, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин, машғулиятҳои интерактивӣ бо истифодаи техникаи компютерӣ гузаронида мешаванд.

Баъди анҷоми курсҳо ба шунавандагон сертификатҳо супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД