Дар Агентӣ 17-солагии идораро ҷашн гирифтанд

0
1614

Имрӯз, 28 май дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана бахшида ба 17-умин солгарди идораи зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Агентӣ, инчунин меҳмонон: мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амният, роҳбарияти намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, намояндагони идораҳои зиддимухаддиротии Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, инчунин собиқадорони Агентӣ иштирок намуданд.


Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо маърӯза баромад намуда, қайд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои фаъолияти худ Агентӣ аз ӯҳдаи иҷрои ваколатҳои хизматӣ бо сарбаландӣ баромада, ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди яке аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳони муосир – муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки сарчашмаи асосии нобасомониҳо ва нооромии авзои кишварҳо мебошад, саҳми арзанда гузоштааст.

Директори Агентӣ ба роҳбарият ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид, ки дар таъсиси Агентӣ саҳми фаъол гирифтаанд, инчунин ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои маблағгузор барои кӯмакҳои беғаразонаашон ба Агентӣ миннатдории самимонаи худро иброз намуд.

Роҳбари Агентӣ изҳори боварӣ намуд, ки кормандони Агентӣ дар оянда низ дар баробари кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомии кишвар аз ӯҳдаи вазифаҳои ба зиммадоштаашон сарбаландона мебароянд ва барои ҳифзи манфиатҳои давлативу таъмини амнияти миллӣ содиқона хизмат менамоянд.

Дар ин маҷлиси тантанавӣ кормандони фаъоли Агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳо супорида шуданд.

Пеш аз маҷлиси тантанавӣ маросими савгандёдкунии кормандони ҷавони Агентӣ бахшида ба 17-умин солгарди таъсисёбии Агентӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода, муовинони Директор, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақили Агентӣ, меҳмонон ва собиқадорони Агентӣ иштирок намуданд.

Кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул карда шуданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Конститутсия, баҳри ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол савганд ёд намуданд.

Директори Агентӣ афсарони ҷавонро бо қабули савганд табрик намуда, қайд намуданд, ки имрӯз барои боз ҳам дар сатҳи баланд тарбия ва тайёр намудани афсарон саҳму кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад, ки онҳо сазовори боварии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Инчунин маросими ба истифода додани утоқҳои кории Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ, ки бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия аз таъмир бароварда шуд, баргузор гардид. Меҳмонон бо утоқҳои барҳавои Шуъба, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин гардидаанд, шинос гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД