Ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар соли 2015

0
1471

9 январи соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи оперативӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони раёсатҳо, шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Агентӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли сипаришуда оид ба иҷрои бандҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак ва машқҳои тактикӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ муҳокима гардиданд.

Ҳисоботҳои роҳбарони Шуъбаҳои амнияти дохилӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии Раёсати Сайёри Оперативӣ, Раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, раёсатҳои оперативӣ ва шуъбаҳои байниҳиявӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Панҷакент оид ба масъалаҳои ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ шунида шуданд.

Инчунин масъалаҳои пурзӯр намудани назорат аз болои муомилот ва нигоҳдории прекурсорҳо ва дорувории психотропӣ, гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротии пешгирикунанда, интихоби баландсифати номзадон ба хизмат, ошкор ва ҳабс намудани амволи бо роҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омада, истифодаи самараноки бюджет, нақлиёт ва дигар воситаҳои техникии Агентӣ баррасӣ гардиданд.

Диққати асосӣ ба решакан кардани содир намудани ҷиноятҳои хислати коррупсионӣ дошта аз тарафи ҳайати шахсӣ, мустаҳкам намудани интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсӣ аз тарафи ҳар як корманди Агентӣ оид ба иҷроиши вазифаҳои хизматӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои дигар бо мақсади ташкил ва гузаронидани амлиётҳои муштарак, ба ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки хислати фаромиллӣ доранд, равона карда шуд.

Аз рӯи натиҷаи ҷаласа муовини сардори Раёсати Оперативӣ-Ҷустуҷӯӣ, сардори Шуъбаи амнияти дохилӣ аз вазифаҳои худ озод карда шуданд, сардор ва муовини сардори Шуъбаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии Раёсати Сайёри Оперативӣ барои нишондоди паст дар фаъолияти хизматӣ ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд.

Дар хотима Директори Агентӣ диққати асосии ҳозиринро ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД