Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи Агентӣ

0
1661

8 июли соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи оперативӣ оиди ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2017 таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Ш. Салимзода доир гардид. Дар кори ҷаласа муовинони Директор, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои минтақавӣ, кормандони оперативӣ ва тафтишотӣ даъват шуда, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар давраи сипаригашта оид ба иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2017-2020 оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва масъалаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима гардиданд.
Ҷаласа самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои Агентиро барои давраи оянда муайян намуд, ки аз инҳо иборатанд:
– Пешгирӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
– Пешгирӣ ва мубориза бо қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба дигар давлатҳо;
– Мубориза бо ГМҶ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор машғуланд, саркардагон ва роҳбарони онҳо;
– Пешгирӣ ва мубориза ба воридшавии маводи синтетикии психотропии нашъадор ба ҷумҳурӣ ва паҳн кардани он дар байни аҳолӣ;
– Пешгирӣ ва мубориза бо паҳн гардидани нашъамандӣ дар байни аҳолӣ.
Ҳисоботи сардорони раёсатҳои минтақавии Агентӣ, раёсатҳои оперативӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шунида шуданд.
Як қатор камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили корҳои оперативӣ нисбати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуниии маводи нашъаовар таҳлил ва муҳокима карда шуда, барои бартараф намудани онҳо, инчунин баҳри иҷроиши чорабиниҳои ба нақша гирифташуда вазифаҳои мушаххас дода шуданд.
Ба диққати роҳбарони ҷузъу томҳои Агентӣ як қатор норасоиҳо дар самти ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки робитаҳои байнидавлатӣ доранд, муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, ишора карда шуд.
Омилҳо ва шароитҳо, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хислатҳои коррупсионӣ дошта мусоидат намуданд, таҳлил ва баррасӣ гардиданд. Диққати асосӣ ба решакан кардани содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта аз тарафи ҳайати шахсӣ, мустаҳкам намудани интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсӣ аз тарафи ҳар як корманди Агентӣ оид ба иҷроиши вазифаҳои хизматӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои дигар бо мақсади ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштарак, ба ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки хислати фаромиллӣ доранд, равона карда шуд.
Дар хотима як қатор масъалаҳои муҳими Агентӣ барои давраи пешистода, аз ҷумла нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.8072017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД