Ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар соли 2017

0
1737

11 январи соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи оперативӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 баргузор гардид, ки дар кори он Сардори Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Абдуҷабор Сатторзода ва Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода, роҳбарони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Агентӣ иштирок намуданд.

IMG_7678

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли сипаришуда оид ба иҷрои бандҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ муҳокима гардиданд.

Диққати роҳбарони ҷузъу томҳои Агентӣ ба як қатор камбудиҳо ва норасоиҳо дар самти ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки робитаҳои байнидавлатӣ доранд, ҷалб карда шуд.

Инчунин масъалаҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди фурӯши чаканаи маводи нашъаовар, ошкор намудани фасодхонаҳо, гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротии пешгирикунанда, ба тарзи нокифоя ҳабс гузоштан ба амволи бо роҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омада баррасӣ гардиданд.

IMG_7640

Диққати асосӣ ба сабабҳои содир шудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои дигар бо мақсади ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштарак равона карда шуд.  Ҳисоботи роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентӣ оид ба иҷрои чорабиниҳои нақшавии Агентӣ барои соли 2017 баррасӣ гардида, Нақшаи чорабиниҳои асосии ташкилии Агентӣ барои нимсолаи якуми соли 2018 аз ҷониби Директори Агентӣ тасдиқ гардид.

Дар хотима Шерхон Салимзода самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентиро барои соли 2018 – гузоштани садди устувор ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба дигар давлатҳо, пурзӯр  намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар ҳудуди ҷумҳурӣ, хусусан ошкор ва қатъ гардонидани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ, мубориза ва пешгирии воридшавӣ ва истеҳсоли моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор дар ҳудуди Тоҷикистон, инчунин паҳн намудани онҳо дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон муайян намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД