Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти нӯҳ моҳи Агентӣ

0
1596

11 октябри соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Агентӣ дар нӯҳ моҳи соли 2016 бо роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Ш. Салимзода доир гардид.


Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар давраи сипаригашта оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла, ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ дар самти мусодираи маводи нашъадор ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шунида шуданд.

Таъкид гардид, ки дар баробари натиҷаҳои ба даст омада дар фаъолияти воҳидҳои Агентӣ як қатор камбудиҳо ва норасоиҳо ҷой доранд, аз ҷумла дар самти ташкили корҳои оперативӣ нисбати саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо муомилоти ғайриқонуниии маводи нашъаовар машғуланд.

Ҳамчунин омилҳо, сабабҳо ва шароитҳое, ки барои содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мусоидат менамоянд, таҳлил ва баррасӣ гардиданд.

Дар хотима аз тарафи Директори Агентӣ як қатор масъалаҳои муҳим барои семоҳаи чоруми соли равон мавриди муҳокима қарор дода шуда, баҳри иҷрои онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД