Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи БПНМ

0
1268

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба номи А. Ҷомӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории пайдошудаи норасоии масъуният мизи мудаввар баргузор намуданд, ки ҳамасола онро 1-уми декабр ҷашн мегиранд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо БПНМ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти мизи мудаввар баромадҳои намояндагони идораҳои дар боло зикргардида оид ба чораҳои бартараф намудани паҳншавии ВНМО шунида шуданд.

Дар баромади худ иштирокчиён қайд намуданд, ки мушкилоти ВНМО дар ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, як қатор чораҳо барои бартараф намудани сироятёбӣ ва кам кардани шумораи беморони ВНМО, андешида мешаванд, ки мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб на танҳо вазифаи фақат давлат, балки тамоми ҷомеа мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД