Ҷамъбасти нӯҳ моҳи фаъолияти Агентӣ

0
1351

10 октябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нӯҳ моҳи соли 2015 бо иштироки Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода доир гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба иҷрои бандҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”,

мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак ва машқҳои минтақавӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ муҳокима гардиданд.

Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Агентӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои муайянеро анҷом дод.

Ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва Раёсатҳои минтақавии он шунида шуд.

Як қатор камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кори ҷузъу томҳои таҳлилии Агентӣ таҳлил ва муҳикима карда шуда, барои бартараф намудани онҳо, инчунин баҳри иҷроиши чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда вазифаҳои мушаххас дода шуданд.

Ба диққати роҳбарони ҷузъу томҳои Агентӣ як қатор камбудиҳо ва норасоиҳо дар ташкили санҷиши нозиротӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки робитаҳои байнидавлатӣ доранд, ишора карда шуд. Як қатор пешниҳодҳо оиди бартараф намудани норасоиҳои номбаршуда пешкаш карда шуданд.

Омилҳо ва шароитҳо, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хислатҳои коррупсионӣ дошта мусоидат намуданд, таҳлил ва баррасӣ гардиданд. 6 нафар кормандони Агентӣ ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Агентӣ за вазифа озод карда шуд.

Дар хотима Директори Агентӣ як қатор масъалаҳои муҳими Агентиро барои давраи пешистода мавриди баррасӣ қарор дод.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД