Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ

0
1210

30 ноябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода, ҷаласаи фаврӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар 11 моҳи соли 2015 баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ шунида шуда, сардорони раёсатҳои минтақавии Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон бошанд бо таври видеоконференсия ҳисобот доданд.

Масъалаҳои асосие, ки дар рузномаи ҷаласа қарор доштанд, аз муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои оперативии Агентӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хусусан героин, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, инчунин огоҳонидан барои пешгирии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта аз тарафи кормандони Агентӣ иборат буданд. Ғайр аз ин ҳисобот дар бораи чораҳо оид ба омода намудани утоқҳои корӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар амвол дар давраи тирамоҳу зимистон андешидашуда шунида шуданд.

Инчунин роҷеъ ба камбудиҳо дар ташкили фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ба диққати роҳбарони воҳидҳо расонида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо супоришҳо дода шуданд.

Дар хотима Директори Агентӣ диққати ширкаткунандагонро ба як қатор масъалаҳои муҳим, ки оид ба онҳо бояд чораҳои дахлдор андешида шаванд, ҷалб намуд, аз ҷумла: ҳодисаҳои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ аз ҷониби шаҳрвандон, риояи интизоми хизматӣ ва қонуният, баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ, интихоби дурусти кадрҳо, истифодаи мақсаднок ва самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД