Дар Агентӣ тренинг оид ба ВАО гузашта истодааст

0
1097

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тренинги серӯза барои кормандони марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гузашта истодааст, ки он аз тарафи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовар – марҳилаи II” бо дастгирии Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ШМА (INL) ташкил карда шуд.           Иштирокчиёни тренинг дар амалия оид ба омода намудани варақаи матбуотӣ, кор бо васоити ахбори омма, навиштани мавод барои рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, инъикос намудани масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ дар васоити ахбори омма ихтисоси худро такмил доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД