Дар Агентӣ зиёда аз 269 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

0
1366

4 май бо мақсади тоза намудани ҷамъият аз паҳншавии маводи нашъаовар, ҳифз намудани саломатии ҷомеа, хусусан, ҷавонон, дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи нашъаовар сӯзонида шуд.
Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 269 килограмму 597 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла: 11 кг 645 гр афюн, 212 кг 087 гр ҳашиш, 45 кг 863 гр бангдона, ки оиди онҳо иҷроварақаи судӣ ба Агентӣ ворид шудааст, сӯзонида шуданд.
Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.
Аз аввали соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1 тоннаю 236 кг маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.05052017

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД