Дар Агентӣ зиёда аз 300 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

0
1721

Имрӯз, 23 сентябр ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тоза намудани ҷамъият аз паҳншавии маводи нашъаовар, ҳифз намудани саломатии ҷомеа, хусусан, ҷавонон, дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани маводи нашъаовар баргузор гардид.

Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 303 килограмму 040 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла: 40 кг 408 гр героин, 20 кг 252 гр афюн, 179 кг 088 гр ҳашиш, 63 кг 072 гр бангдона ва 217 гр ҳаби МДМА аз рӯи 23 парвандаи ҷиноӣ ва 52 парвандаи маъмурӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.

Дар маросими несту нобуд сохтани маводи нашъаовар иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ, ки ба Тоҷикистон даъват гардидаанд, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии хонум Саломат Азимӣ – Вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, хонум Ашита Миттал – Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 17 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД