Дар Агентӣ зиёда аз 311 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

0
934

11 октябри соли 2017 дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани маводи нашъаовар баргузор гардид.
Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 311 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла: 39,8 гр героин, 0,7526 гр афюн, 29 кг 617 гр ҳашиш, 280 кг 413 гр бангдона, 3,822 гр ҳабҳои МДМА ва 1 кг 003 гр метамфетамин, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.
Аз аввали соли ҷорӣ дар бухории махсуси Агентӣ 2 тоннаву 327 кг маводи нашъаовар сӯзонида нобуд карда шуд.
Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира шуда буданд.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳаждаҳ соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 20 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД