Дар Агентӣ 374 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

0
1774

Имрӯз, 27 май дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, дар бухории ин идора қариб 374 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд.


Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 374 килограмму 045 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла: 16 кг 452 гр героин, 161 кг 699 гр афюн, 107 кг 511 гр ҳашиш, 88 кг 376 гр бангдона ва 21 ҳабби МДМА аз рӯи 31 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.

Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.

Дар давоми понздаҳ соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД