Дар Агентӣ вохӯрии таҳлилгарон баргузор гардид

0
1412

29 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии навбатии намояндагони ҷузъу томҳои таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ: КДАМ, СҚС КДАМ, АНМН, ВКД, ХГ назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар доираи таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо дастгирии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ RER/F23 «Низоми ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумоти оперативӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир” ташкил карда шуд, ки дар он масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлили муфассал ва мубодилаи маълумоти оперативӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, омӯзиши кормандон, таъмин бо техникаи компютерӣ ва таъминоти барномавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.

Дар баромадҳо қайд гардид, ки дар натиҷаи вохӯрӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ бвргузор гардида буд, кормандони Агентӣ семинари омузишӣ гузарониданд, ки дар он таҳлилгарони шуъбаҳои таҳлилию иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд ва дар анҷоми семинар ба ҳар як мақомот таҷҳизотҳои техникӣ супорида шуд.

Барои иштирокчиёни вохӯрӣ муаррифинома оид ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД