Дар Агентӣ вохӯрии таҳлилгарон баргузор гардид

0
1864

25 май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии навбатии намояндагони ҷузъу томҳои таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ: КДАМ, ҚС КДАМ, АНМН, ВКД, ХГ назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар доираи таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо дастгирии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ RER/F23 «Низоми ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумоти оперативӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир” ташкил карда шуд.

Вохӯриро Муовини Директори Агентӣ полковник Муртазо Ҳайдарзода ва роҳбари лоиҳа Расул Раҳимов кушоданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлили муфассал ва мубодилаи маълумоти оперативӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, омӯзиши кормандон, таъмин бо техникаи компютерӣ ва таъминоти барномавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳои пешина аз тарафи кормандони Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ тренингҳо барои кормандони ҷузъу томҳои таҳлилии дастгоҳҳои марказии идораҳои мазкур ва раёсатҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон гузаронида шуданд. Гузаронидани тенингҳои ҳаммонанд дар ояндаи наздик дар назар аст.

Барои иштирокчиёни вохӯрӣ муаррифиномаҳо оид ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи комёбиҳои лоиҳа намоиш дода шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД