Дар Агентӣ вохӯрӣ оид ба лоиҳаи “Масири героин” баргузор гардид

0
1057

8 апрели соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи Лоиҳаи “Шабакаҳои иттилоотӣ қад-қади Масири героин” марҳилаи дуюми Барномаи “Мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи Масири героин”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи Лоиҳавӣ Томас Патрик Картер, машваратчии гурӯҳи лоиҳавӣ Грегори Китселл, намояндагони ВКХ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, СҚС, КДАМ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва ВКД иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ нисбати таҳияи Лоиҳа, чорабиниҳо дар доираи Лоиҳа, ки барои соли 2015 ба нақша гирифта шудаанд, иттилоот дода шуд.

Масъалаҳои курсҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои мухталиф: система ва раванди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси иттилооти оперативӣ, механизми табодули иттилоот, гузаронидани амалиётҳои мухталиф, усулҳои бурдани тафтишоти молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар рафти муколама иштирокчиёни вохӯрӣ якчанд пешниҳод оиди мустаҳкам намудани ҳамкории минбаъда дар чорчӯбаи Лоиҳаи мазкур дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи наъаовар пешкаш намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД