Вохӯрии ҳайати Гурӯҳи кории ҳамкорӣ ва рушди Иттиҳоди Аврупо дар Агентӣ баргузор гардид

0
1087

08 июни соли 2015 дар бинои Агентӣ вохӯрии Гурӯҳи кории ҳамкорӣ ва рушди Иттиҳоди Аврупо иборат аз 25 нафар намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки онро Лига Андерсон Раиси CODEV роҳбарӣ мекард бо Директори Агентӣ Р. Назарзода баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Директори Агентӣ доир ба таъсисёбӣ ва фаъолияти Агентӣ, масъалаҳои вобаста ба вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, инчунин оид ба сиёсати зиддимухадиротии Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҶТ дар самти назорати маводи нашъаовар дар минтақа ва ҷаҳон маълумот пешниҳод намуда, ба суолҳои намояндагони ИА ҷавобҳои мушаххас дод.

Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо доир ба ин масъалаҳо мавқеъ ва андешаҳои худро иброз намуданд ва омодагии худро барои вусъат додани муборизаи муштарак баён намуданд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД