Дар Агентӣ вохӯрии оперативӣ оид ба таҳқиқи боздошт ва мусодираи прекурсорҳо баргузор гардид

0
1428

18 марти соли 2015 дар бинои АНМН – и назди Президенти ҶТ вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои минтақа оиди баргузории барномаи минтақавии ҶИА ва давлатҳои хамсоя баргузор гардид, ки аз тарафи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил карда шуд.

Дар вохӯрӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиддимухаддиротии Эрон, Афғонистон, Хитой, Тоҷикистон, Покистон, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ Муовини Директори Агентӣ Ҳ. Маҳмудзода муроҷиат намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи вобаста ба моддаҳои кимиёвӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, роҳҳои инкишоф додани ҳамкорӣ дар самти муборизаи дастаҷамъона бар зидди муомилоти ғайриқонунии интиқоли моддаҳои кимиёвӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарони ҳайатҳо доир ба ин масъалаҳо мавқеъ ва андешаҳои худро иброз намуданд ва омодагии худро барои вусъат додани муборизаи муштарак баён намуданд. Таъкид гардид, ки фақат муборизаи муштарак ва дастаҷамъона метавонад пеши тамоюлҳои манфии интиқоли онҳоро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон гирад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД