Нишасти матбуотӣ доир ба Маърӯзаи ҷаҳонии СММ

0
1382

28 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ доир ба Маърӯзаи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Агентӣ, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.


Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Юсуф Қурбонов табрикоти Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федовро ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он қироат намуда, Маърӯзаи умумиҷаҳонии СММ-ро оид ба маводи нашъаовар дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Дар Маърӯза тағйиротҳои охирин дар бозори маводи нашъаовари манъшуда, истеҳсоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар Афғонистон, мусодираи маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, истеҳсолот ва истеъмоли маводи нашъаовар шарҳ дода шуд.

Масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ, инчунин масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар, зарари он ба ҷисми инсон, рушди алтернативӣ, ба мисли стратегияи дарозмуддати мубориза бар зидди парвариши растаниҳои нашъадор таҳлил карда шуданд.

Журналистон дар мавзӯи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мушкилоти истеъмоли маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ саволҳои мушаххас доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД