Нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2016

0
1819

4 август дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ Салимзода Шерхон Одина, сардорони хадамоти пешбари Агентӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Ба намояндагони васоити ахбори омма муаррифинома оид ба фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 пешниҳод карда шуд.


Дар баромади Директори Агентӣ қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2016 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 519 ҷиноят ба қайд гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 372 ҷиноят ё 3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, 497–тоаш (с. 2015 – 557) ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 фоиз камтар аст.

Дар 6 моҳи соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 251,7 кг (с. 2015 – 2 т 666,9 кг) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 415 кг ё 15,6 фоиз камтар мебошад. Аз ҷумла, аз ҷониби АНМН – 422 кг (с. 2015 – 441 кг ), ВКД – 1 т 145 кг (с. 2015 – 1 т 377 кг), КДАМ – 616 кг (с. 2015 – 797 кг), Қӯшунҳои сарҳадӣ 245 кг (соли 2015 – 89 кг), ХГ- 10 кг (с. 2015 – 49 кг) ва АНДМ ва МК – 58 кг (с.2015-0).

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2015 мусодираи маводи нашъаовар қариб ки надошт, имсол бошад зиёда аз 58 кг маводи нашъадор ва 8 656 дона ҳабби синтетикии маводи нашъадори навъи МДМА-ро муайян ва мусодира намудааст.

Аз ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 372 ҷиноят (75 фоиз) бо моддаи 200 КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 105 ҷиноят (21 фоиз) бо моддаи 201 КҶ ҶТ (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) ба қайд гирифта шудаанд. 20 ҷинояти боқимонда (4 фоиз) ҷиноятҳои дигари вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ташкил медиҳанд.

Таносуби ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда дар нимсолаи аввали соли 2016, аз рӯи минтақаҳо чунин мебошад:

Дар шаҳри Душанбе – 145 ҷиноят ё 29 фоиз (соли 2015 – 164 ҷиноят ё 29,5 фоиз):

Дар вилояти Суғд – 123 ҷиноят ё 24 фоиз (соли 2015 – 135 ҷиноят ё 24,3фоиз):

Дар вилояти Хатлон – 152 ҷиноят ё 31 фоиз (соли 2015 ҷиноят 165 ё 29,6 фоиз):

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 44 ҷиноят ё 9 фоиз (соли 2015 51 ҷиноят ё 9,1 фоиз):

Дар ВМКБ – 33 ҷиноят ё 7 фоиз (соли 2015 42 ҷиноят ё 7,5 фоиз).

Мувофиқи маълумотҳои фаврии аниқношуда дар хориҷи кишвар 49 шаҳрванди Тоҷикистон (6 моҳи соли 2015 – 202) дастгир карда шуд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 75 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин давра аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ 422 кг 100 гр (соли 2015–441 кг 741 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 12 кг 821 гр героин, 130 кг 771 гр афюн, 270 кг 410 гр ҳашиш ва 8 кг 097 гр бангдона мусодира гардид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 кг 641 гр ё 4,4 фоиз камтар мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки аз 422 кг 100 гр маводи нашъаовари дар 6 моҳи соли 2016 аз ҷониби Агентӣ мусодирагардида, 406 кг 100 гр дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 кг дар ҳудуди Афғонистон (дар ҳамин давраи соли гузашта аз 441,741 кг мутаносибан 275 кг ва 166 кг 741 гр) мусодира карда шудааст. Маводи нашъаовари дар ҳудуди Тоҷикистон имсол мусодирашуда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 131 кг ё 48 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра мусодираи маводи нашъаовари навъи ҳашиш ва бангдона афзоиш ёфта, дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта ҳашиш 97 кг 406 гр ё 56,3 фоиз (с.2015- 173 кг 004 гр)ва бангдона 1 кг 848 гр ё 29,6 фоиз (с.2015- 6 кг 249 гр)зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин, кормандони Агентӣ ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропиро ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ 180 дона ҳабби синтетикии навъи “экстазӣ” (МДМА) ва Амфетамин мусодира намуданд(с. 2015 – 21), ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 159 адад ё 8,6 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра 61 ҷиноят бо моддаи 289 КҶ ҶТ (Қочоқ) ба қайд гирифта шудааст, (соли 2015- 75) ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҷиноят ё 18, 7 фоиз камтар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Агентӣ 68 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва ба қайд гирифтааст (с.2015 – 85), ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 17 адад ё 20 фоиз кам мебошад.

Аз тарафи муфаттишони Агентӣ 86 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 57 парванда нисбати 86 нафар ба судҳо ирсол гардидаанд, аз ҷумла: бо моддаи 200 КҶ ҶТ 49 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 74 нафар ва бо моддаи 201 КҶ ҶТ 8 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 11 нафар.

Бо иштироки бевоситаи кормандони Агентӣ фаъолияти 25 гурӯҳи ҷинояткор дар ҳайати 55 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.

Тибқи нақшаҳои муштарак, аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 9 (с.2015-5) амалиёт, аз ҷумла бо КДАМ ҶТ-1, СҚС КДАМ ҶТ- 7 ва ХГ-1 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 118 кг 885 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки он дар таносуб ба соли гузашта (с.2015-24 кг 662 гр) 94 кг 223 гр ё 79 фоиз зиёд мебошад.

7 нафар шахсони дар кофтукови байнидавлатӣ қарордошта, аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. (с.2015-6 нафар).

Вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 60 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуданд (с.2015-28), ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба ё 32 ҳодиса зиёд мебошад. Субъекти онҳо асосан истеъмолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи нашъаовар мебошанд. Дар натиҷа 83 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуда(с.2015-38), аз онҳо ба миқдори 78 520 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Маблағи ҷаримашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (с.2015 – 34600) ба миқдори 43 920 сомонӣ ё 126 фоиз зиёд мебошад.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар бухории махсуси Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ ва вилояти Суғд, дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 4 маротиба ҳамагӣ 670 кг 195 гр, аз ҷумла 48 кг 558 гр героин, 258 кг 014 гр афюн, 257 кг 420 гр ҳашиш ва 106 кг 201 гр бангдона бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2016 дар доираи ҳамкориҳо тибқи ахбороти оперативии кормандони фаврии Агентӣ, аз ҷониби кормандони пулиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳудуди вилояти Бадахшон 2 амалиёти оперативӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 4 шаҳрванди ҶИА бо 16 кг афюн дастгир карда шуданд. Ҳамзамон, тибқи маълумотҳои оперативии кормандони Агентӣ дар ҳудуди Афғонистон 45 литр прекурсори навъи “Сиркои ангидрид”, ки барои тайёр кардани маводи нашъаовари навъи “героин” истифода бурда мешавад, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳамагӣ 299 баромад, аз ҷумла 79 баромад дар матбуоти даврӣ, 88 баромад дар радио ва 132 баромад дар телевизион ташкил ва аз натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида дар сайти Агентӣ 171 маълумот ҷойгир карда шуд.

Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 бо ташхиси “нашъамандӣ” 7185 нафар ба қайд гирифта шудааст.

26 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистифодаи маводи нашъаовар баргузор гардида, натиҷаҳои санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо доир ба татбиқи Стратегия, масъалаҳои бартараф намудани камбудиҳо дар татбиқи он, раванди амалишавии Стратегияи мазкур дар пойтахт баррасӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои ишғол намудани вазифаҳои холӣ 233 нафар номзадон дар озмун иштирок намуда, 50 нафар аз озмун гузаштанд.

Барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ аз аввали соли ҷорӣ 19 курсҳои омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил ва баргузор гардид, ки дар онҳо 59 корманди Агентӣ иштирок кардаанд. Аз ҷумла, дар ш.Душанбе ва вилоятҳо 7 тренинг барои 34 нафар ва дар хориҷи кишвар 12 тренинг барои 25 нафар корманди Агентӣ гузаронида шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони 19 васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла агентиҳои иттилоотии «Ховар», «РИА-Новости», «Озодӣ», «Озодагон», “Рейтер”, «Фараж», радиои “ВВС”, «Садои Амрико», рӯзномаҳои ҷумҳурӣ – “Ҷумҳурият”, «Садои мардум», «Халқ овози», «Народная газета», “Минбари Халқ”, шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии ҷумҳуриявӣ ва байнидавлатӣ иштирок намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД