Дарси умумӣ дар Агентӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

0
997

18 августи соли 2017 дар байни ҳайати шахсии Агентӣ дарси умумӣ дар мавзӯи заминаҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият баргузор гардид.
Дар баромад қайд гардид, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зарфи солҳоии истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила дастовардҳо, аз ҷумла таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон ноил гардидааст, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлол ба онҳо вобастагии мустақим дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатӣ кишварро эҳё намояд.
Инчунин қайд гардид, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД