Дарси умумӣ бахшида ба забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ

0
994

18 август дар байни ҳайати шахсии Агентӣ дарси умумӣ дар мавзӯи забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ баргузор гардид.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии давлат ба ҳисоб меравад.
Забони тоҷикӣ — ин ёдгории маънавии миллӣ ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.
Дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт.
Иброз гардид, ки бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД