Дар Агентӣ маросими расмии шиносӣ бо афсари алоқаи ХДНМН баргузор гардид

0
1518

Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба пешгирӣ намудани интиқоли маводи нашъаовар тавассути сарҳади ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар, инчунин таҳияи Қарордод байни ХДНМН Қирғизистон ва АНМН ҶТ, аз тарафи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон майори хадамоти назорати маводи нашъаовар Бозорбоев Нурланбек Олтинбекович намояндаи мухтори (афсари алоқаи) ХДНМН Қирғизистон дар назди АНМН назди Президенти ҶТ таъин гардид.

14 марти соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими шиносоии афсари алоқаи ХДНМН ҶҚ ба ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи марказии Агентӣ баргузор гардид.

Дар баромади худ муовини якуми Директори Агентӣ Самад Зафар қайд намуд, ки таъин намудани афсари алоқа имкон медиҳад, ки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ боз ҳам пурзӯр карда шавад.

Афсари навтаъиншудаи алоқа Бозорбоев Н. бо раёсатҳои роҳбарикунандаи Агентӣ шинос гардид.

14032016of1

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД