Дар Агентӣ ҷаласаи якуми Котиботи байниидоравӣ баргузор гардид

0
1400

10 феврали соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Котиботи байниидоравӣ оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020” баргузор гардид. Кормандони Агентӣ дар соли гузашта фаъолияти як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи мазкур мавриди санҷиш қарор доданд ва як қатор камбудиҳоро дар фаъолияти онҳо ошкор сохтанд.

Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва татбиқи босамари Стратегияи зикршуда ва бо назардошти тавсияи ҷаласаи нахустини Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути босамари идоракунии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”, Агентӣ тасмим гирифтааст, ки Котиботи байниидоравиро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар татбиқи Стратегия ваколатдор шудаанд, таъсис дода, фаъолиятро дар самти иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии ин Стратегия ҷоннок намояд.

Дар ҷаласа масъалаҳои таъсис додани Котиботи байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи мазкур, зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Нақшаи чорабиниҳои он ва вазифаҳои минбаъда, баррасӣ гардиданд. Дар кори ҷаласа Менеҷери лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии босамари сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”-и Барномаи рушди СММ дар ҶТ Уилям Лоуренс ширкат варзид.

Иштирокчиён масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа пешбинишударо мавриди муҳокима қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд. Дар баромади худ Уилям Лоуренс қайд кард, ки омода аст таклифу пешниҳодҳои Котиботи байниидоравиро вобаста ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегия, аз ҷумла, барои баргузории тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ дастгирӣ намояд.

Дар хотима иштирокчиён изҳори итминон карданд, ки таъсис ва фаъолияти чунин Котибот барои ташкили иҷрои самараноки Нақшаи татбиқи чорабиниҳои Стратегияи мазкур мусоидат хоҳад кард.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД