Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

0
1484

5 октябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ҳайати шахсиро табрик намуда, қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии давлат ба ҳисоб меравад.

Забони тоҷикӣ — ин ёдгории маънавии миллӣ ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт.

Афсарони Агентӣ дар баромадҳои худ иброз доштанд, ки бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД