Дар Маркази таълимии Агентӣ омӯзиш оғоз гардид

0
924

Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар асоси дархости Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон аз 16 то 20 октябри соли 2017 машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Омӯзиши миллии кормандони дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ”, барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Презиенти ҶТ, ВКД ҶТ, Хадамоти гумрук ва Қушунҳои сарҳадӣ ташкил карда шуд.
Дар маросими кушодашавӣ намояндагони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, инчунин роҳбарияти Агентӣ иштирок намуданд.
Дар рафти курси омӯзишӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ усулҳои муосири мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро меомӯзанд.
Пас аз курси омӯзишӣ ба шунавандагон сертификати мутобиқ супорида мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД