Дар Агентӣ бухории нав барои сӯзонидани маводи нашъаовар шинонида шуд

0
1286

Дар охири соли 2001 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бухории нахустин шинонида шуд, ки танҳо барои сӯзонидани маводи нашъаовар пешбинӣ шуда буд.

Дар давоми понздаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда 15 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шуд, бинобар ин иқтидори он ба итмом расид.

Тобистони соли ҷорӣ дар ҷаласаи Гурӯҳи Кории Байналмилалӣ қарор қабул карда шуд, ки дар Агентӣ бухории нави пуриқтидор шинонида шавад.

Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои ин мақсад маблағ ҷудо намуд. Тирамоҳи соли ҷорӣ бухории кӯҳна пурра вайрон карда шуда, дар ҷойи он бухории нав сохта шуд.

5 декабри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин шабакаҳои телевизионӣ ва хабарии ватанию хориҷӣ маводи нашъаовар аз рӯи 18 парвандаи ҷиноие, ки нисбати онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардааст, сӯзонида шуд.

Маводи нашъаовар бо мақсади санҷиши сифати кории бухорӣ ва омодагии он сӯзонида шуд. Барои санҷиш як миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ҷудо карда шуд, ки аз намудҳои гуногуни маводи нашъаовар иборат буд ва барои муайян намудани суръати несту нобуд кардани мавод пешбинӣ шуда буд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД