Дар Озарбойҷон 24 кг маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1255

Тавре дар маркази матбуоти ВКД Озарбойҷон иттило доданд, дар натиҷи амалиёти Сарраёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва бахши ҷанубии он, дар ду рӯзи охир шахсоне дастгир гардиданд, ки аз онҳо зиёда аз 24 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.

Ба ғайр аз ин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо аз сокини деҳаи Солтанкенди ноҳияи Ҷалилобод Эйваз Амиров 9 кг афюн ва 6 кг гашиш, аз сокини шаҳри Гёйтеппа Набӣ Нуруллоев – 4 кг 570 г афюн ва 4 кг 435 гр марихуана мусодира гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД