Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байналмилалӣ дар Агентӣ

0
1189

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ AD/TAJ/03/HO3 “Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) –Марҳилаи II» 2 феврали соли 2018 дар Агентӣ ҷаласаи навбатии нақшавии Гурӯҳи кории байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, роҳбар ва ҳамоҳангсозони барномавӣ/лоиҳавии Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, намояндагони шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (INL), Дафтари маъмурияти назорати маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (DEA), Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Шуъбаи Ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, ҳамчунин роҳбарони як қатор хадамоти Агентӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои шартҳои пардохти грантҳо дар нимсолаи дуюми соли 2017, иҷрои чорабиниҳои алоқаманд ба маблағгузории воҳидҳои Агентӣ барои нимсолаи якуми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади рушди самаранокии фаъолияти Агентӣ қарор карда шуд, ки воситаҳои техникии махсус бештар дастрас гардида, кӯмак барои такмили ихтисоси кормандони Агентӣ боз ҳам вусъат дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои Гурӯҳи кории байналмилалӣ истифодаи мақсаднок ва пурсамари грантҳое мебошад, ки аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, давлатҳои донор – маблағгузорони лоиҳа барои рушди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД