Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байналмилалӣ дар Агентӣ

0
1902

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ AD/TAJ/03/HO3 “Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) –Марҳилаи II» 30 январи соли равон дар Агентӣ ҷаласаи навбатии нақшавии Гурӯҳи кории байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, роҳбар ва ҳамоҳангсозони барномавӣ/лоиҳавии Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, намояндагони шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ШМА дар Тоҷикистон (INL), маъмурияти назорати маводи нашъаовари Сафорати ШМА дар Тоҷикистон (DEA), Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ШМА дар Тоҷикистон, ҳамчунин роҳбарони як қатор хадамоти Агентӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои шартҳои пардохти грантҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016, иҷрои чорабиниҳои алоқаманд ба маблағгузории воҳидҳои Агентӣ барои нимсолаи якуми соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади рушди самаранокии фаъолияти Агентӣ қарор карда шуд, ки воситаҳои техникии махсус бештар дастрас гардад, кӯмак барои такмили ихтисоси кормандони Агентӣ боз ҳам вусъат дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои Гурӯҳи кории байналмилалӣ истифодаи мақсаднок ва пурсамари воситаҳои пулие мебошад, ки барои рушди Агентии назорати маводи нашъаовар Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, давлатҳои донор-маблағгузорони лоиҳа ҷудо менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД