Ҷаласаи Котиботи байниидоравӣ дар Агентӣ

0
1289

5 июн дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Котиботи байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Котибот аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода кушода, дар бораи қабул шудани Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва минбаъд татбиқ намудани он аз ҷониби субъектони Стратегияи мазкур сухан гуфтанд.
Аъзоёни Котиботи байниидоравӣ низ фикру андешаҳои худро доир ба роҳу усулҳои самаранок татбиқ намудани Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2017-2020 изҳор доштанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД