Дар вилояти Алмаато марде бо 52 килограмм маводи нашъаовар дастгир гардид

0
1040

ОСТОНА. КАЗИНФОРМ – Судяи тафтишотии суди ноҳияи Ҷамбули вилояти Алмаато шаҳрванд Т. Тсойро ба ҳабс гирифт.

Тсой дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ, ки бо моддаи 296 қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон (“Интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар бе мақсади фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон”) пешбинӣ шудааст, гумонбар мебошад – хабар медиҳад маркази матбуоти суди вилоятӣ.

Аз рӯи маводҳои парванда Т. Тсой дар шоҳроҳи Бишкек – Алмаато аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми интиқоли 52 кг 431 гр марихуана дастгир гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД