Дар Остона семинар оид ба истифодаи амалии барномаи «i2» баргузор гардид

0
1228

Аз 20 то 24 апрели соли 2015 дар шаҳри Остона дар Департаменти оид ба мубориза бар зидди нашъаҷаллобии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва муқобилат ба коррупсия семинар оид ба истифодабарии барномаи «i2» ҳангоми таҳлили иттилоот дар чорчӯбаи лоҳаи RER/F23 “Системаи ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи итилооти оперативӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар” баргузор гашт, ки он аз тарафи Намояндагии Минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Бюро оид ба назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи (INL) Сафорати ШМА дар Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд.

Семинарро намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон гузарониданд.

Семинари мазкур натиҷаи баргузории ду семинар мебошад, ки қаблан барои кормандони мақомоти салоҳиятдори Қазоқистон бо иштироки дастурдеҳони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур гузаронида шуда буданд.

Чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷрибаи истифодаи барномаҳои махсусгардонидашуда дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти салоҳиятдори Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар оянда низ давом хоҳанд ёфт.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД